Сӯзонидани Қуръон дар Денморк (Дания) ба обрӯи ин кишвар дар хориҷ латма мезанад. Ба вазъият дахолат кардан лозим аст, мегуяд вазири корҳои хориҷии Денморк Ларс Лекке Расмуссен. Дар ин бора рӯзи якшанбеи 30-юми июл нашрияи Politiken хабар дод.
Ба навиштаи ин расона, ҳукумат мехоҳад василаи қонуниро барои ҷилавгирӣ аз чунин амалҳо пайдо кунад.
Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, 15 ҳукумат (Тоҷикистон низ) чунин амалҳоро дар Копенҳаген маҳкум карданд, як қатор сафирон даъват шуданд. Вазорати корҳои хориҷӣ метарсад, ки ҳодисаи рухдода метавонад ба Денморк, амнияти он ва манфиатҳои кишварҳои ҳамфикр зарари ҷиддӣ расонад.
Рӯзномаи Jyllands-Posten ёдовар мешавад, ки рӯзи 30-юми июл панҷ амали сӯзондани Қуръон дар назди сафоратҳои хориҷӣ дар Денморк ва ҳафт ҳодисаи дигар рӯзи 31-уми июл сабт шуд.
Амалҳо бо сӯзондани Қуръон дар Денморк боиси эътирозҳои ҷаҳони араб шуд. Баъди яке аз ин «сӯхтанҳо» садҳо тазоҳургар ба кӯчаҳои Бағдод баромада, дар назди сафорати Денморк дар Ироқ ҷамъ омаданд. Нерӯҳои амниятӣ издиҳомро бо мошинҳои обпош пароканда карданд.



