Дар деҳаи Нигноти деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар пайравӣ ба иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гиромидошти фарзандони барӯманди миллат ба хотираи зодагони номвари деҳа, аз ҷумлаи шоирону олимон, арҷ мегузоранд.
Ҳоло дар деҳа хона- музейҳои шоирони номвари тоҷик- шоир ва драматург Файзулло Ансорӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб, олими фолклоршинос Нақибхон Шарифов фаъолият дошта, меҳмонону сокинон ва хонандагони деҳа аз онҳо дидан менамоянд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ бо хона- музеи шоири номвари бачаҳо Убайд Раҷаб дидан намуд. Дар инҷо нигораҳои гуногун, китобҳо, аксҳои нодир, ки на танҳо аз ҳаёту эҷодиёти шоир, балки ҳаёти адабӣ, шахсиятҳои намоёни замони зиндагиаш нақл мекунанд, ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар хона- музеи олими пухтакору сермаҳсул, фолклоршинос Нақибхон Шарифов, ки дар айни камолот фавтидааст, боздидкунандагон бо китобу мақолаҳо ва аксҳои ӯ шинос мешаванд.
Аз китобхонае, ки зодаи деҳа, собиқадори соҳаи ҳифзи ҳукуқ Мақсуд Гадоев ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардааст ва дар хазинаи он беш аз шаш ҳазор китобҳои бадеӣ ва илмӣ- оммавӣ ҷамъоварӣ шудааст, дӯстдорони китоб, хонандагони мактаби деҳа баҳра мебаранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь