Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази забони кореягии Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт.
Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, донишҷӯёни тоҷик тавассути ин марказ имконияти беҳтари омӯзиши забони кореягӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги Кореяро пайдо мекунанд.
Ҳамкории донишгоҳӣ байни Тоҷикистону Корея натанҳо ба такмили малакаҳои забонӣ мусоидат мекунад, балки робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангиро байни ду миллат таҳким мебахшад.
Ҳамзамон Маркази байналмилалии ҳамкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Ҷонбук ба фаъолият оғоз кард. Ифтитоҳи ин ду марказ заминаи устувор барои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули донишҷӯёну устодон ва амалӣ гардидани барномаҳои муштараки таълимӣ мебошад.

Дар ДДОТ Маркази забони кореягӣ боз шуд
Блоки рекламавӣ


