Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи Дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба иншооти муосири хизматрасонӣ табдил дода мешавад.
Меҳмонхона бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъмиру навсозӣ шуда, барои қабули меҳмонону сайёҳон бо шароити муосир муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Ҳамчунин корҳои ободонӣ ва барқарорсозӣ дар кӯли шаҳрии Бӯстон, дар шафати меҳмонхона идома доранд. Бо истифода аз техникаи зарурӣ ва ҷалби мутахассисон корҳои тозакунӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва зебо намудани муҳит босуръат пеш бурда мешаванд.
Дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии русии драма ва мазҳакаи ба номи А. Пушкин низ ба таъмири куллӣ фаро гирифта шудааст. Ин муассисаи фарҳангӣ соли 1972 бунёд гардида, масоҳати умумии он 1350 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Театр аз ду ошёна, 14 утоқи корӣ, толори хурд ва толори калон бо 280 ҷойи нишаст иборат буда, дар он 41 нафар кормандону ҳунармандон фаъолият менамоянд.

Дар Бӯстон меҳмонхона ва театр ба истифода дода мешаванд
Блоки рекламавӣ


