“Дар натиҷаи ҳамлаи артиши Исроил ба беморхонаи Носир дар Ғазза 19 кас, аз ҷумла чор хабарнигор кушта шудаанд” – хабар додааст Вазорати тандурустии Ғазза.
Тибқи маълумоти расонаҳо, дар натиҷаи ҳамлаи Исроил чор хабарнигоре кушта шудаанд, ки бо расонаҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекарданд.
Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс аз марги Марям Дагга хабар додааст, ки бо ин оҷонсӣ ва дигар расонаҳо ҳамкор буд. Ҳусайн ал-Масрӣ, навобардори ҳамкори Ройтерз, Муҳаммад Салом, хабарнигори “Ал-Ҷазира” ва аксабардораш Муоз Абу Тоҳо низ дар ҳамлаи Исроил ҳалок гаштанд. Дар миёни журналистони кушташуда захмиён низ будаанд.
Блоки рекламавӣ



