Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Фаронса, ба сифати раисони Конфронси байналмилалии созиши сулҳии масъалаи Фаластин ва татбиқи роҳи ҳалли ду давлат, пас аз баргузории ин конфронс дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, изҳороти муштарак ироа намуда, онро лаҳзаи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои сулҳ ва амният дар Ховари Миёна арзёбӣ намуданд.
22 сентябри соли 2025 – Ню-Йорк, Созмони Милали Муттаҳид
Нуқтаҳои асосии изҳорот:
• Қабули Эъломияи Ню-Йорк бо пуштибонии 142 давлат, ки иродаи қатъии ҷомеаи байналмилалро ҷиҳати татбиқи роҳи ҳалли ду давлат ва таъмини ояндаи бебозгашт барои мардуми Фаластин ва Исроил таъкид менамояд.
• Маҳкумияти авҷ гирифтани даргириҳои низомии Исроил дар Ғазза ва фоҷиаи шаҳрвандон ва гаравгонон, дар ҳоле ки Эъломияи Ню-Йорк ҳамчун роҳи ҷойгузин ба бархӯрдҳои хушунатомез муаррифӣ мегардад.
• Даъват ба ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан аз сухан ба амал ва суръат бахшидан ба татбиқи Эъломияи Ню-Йорк тавассути қадамҳои амалӣ ва мушаххас.
• Истиқбол аз эътирофи Давлати Фаластин аз ҷониби 10 кишвар ва чанд узви дигари Созмони Милал ва ҳавасманд гардонидани кишварҳои дигар ба пайвастан ба ин иқдом.
• Таъкид ба авлавияти хотима додани ҷанг дар Ғазза, татбиқи оташбаси фаврӣ, озод намудани гаравгонон, таъмин намудани дастрасӣ ба кӯмакҳои башардӯстона ва хуруҷи неруҳои Исроил аз минтақа.
• Ӯҳдадорӣ ба дастгирии намояндагии байналмилалии муваққатӣ барои таъмини субот ва омӯзишу муҷаҳҳазсозии неруҳои полис ва амнияти Фаластин.
• Дастгирии муттаҳидсозии Навори Ғазза ва Соҳили Ғарбӣ таҳти роҳбарии мақомоти қонунии Фаластин, хотима додани ҳокимияти ҳаракати Ҳамос ва маҳрум кардани он аз силоҳ.
• Ҳадафи ниҳоӣ – таъсиси давлати мустақили демократии Фаластин, ки дар сулҳ ва амният паҳлу ба паҳлу бо Исроил зиндагӣ кунад, ҳамзамон арҷгузорӣ ба ӯҳдадориҳои таърихии Президент Маҳмуд Аббос ҷиҳати сулҳ ва радди хушунат.
• Истиқбол аз ислоҳоти идории Фаластин, аз ҷумла бекор кардани ҷубронпулии маҳбусон, ислоҳи барномаҳои таълимӣ ва ӯҳдадорӣ ба баргузории интихоботи демократӣ пас аз татбиқи оташбас.
• Дастгирии эътилофи изтирорӣ барои маблағгузории мақомоти Фаластин ва даъват ба Исроил ҷиҳати озодсозии маблағҳои андози ҷамъшуда (мақоса) ва бознигарии Протоколи иқтисодӣ.
• Даъвати Исроил ба қатъи хушунат ва таҳрик, хотима додани иқдомоти сохтмонии шаҳраксозӣ ва лоиҳаҳои ҳамроҳсозӣ, бо таъкид бар он ки ҳамроҳсозӣ (аннексия) хатти сурхи ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
• Истиқбол аз тадбирҳои кишварҳои узви Созмони Милал барои муқовимат ба амалҳои Исроил, ки мухолифи қонунҳои байналмилалӣ дониста мешаванд.
• Таъкид бар он ки хотимаи ишғол ва дастёбӣ ба сулҳи одилона ягона роҳи ҳамгироии минтақа ба шумор меравад, ҳамзамон дастгирии ташаббуси амнияти минтақавӣ ва низоми амниятии фарогир.
• Навсозии ӯҳдадориҳо ҷиҳати эҳёи роҳҳои музокироти Сурия–Исроил ва Лубнон–Исроил бо ҳадафи расидан ба сулҳи фарогир ва одилона дар асоси меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ.
• Даъват ба ҳамаи давлатҳо барои ҳамроҳ шудан ба саъю кӯшишҳои байналмилалӣ ҷиҳати таъмини сулҳ, эътирофи мутақобил ва ҳамгироии комил дар минтақаи Ховари Миёна.
Сафорати Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Амрико чӣ гузашт?
Блоки рекламавӣ


