“Дар ноҳияи Уйғури вилояти Алмаатои Қазоқистон тақрибан 30 нафар ҳамоиш доир карданд, ки дар он парчами Чин ва портрети раҳбари Чин Си Ҷин Пин сӯзонда шуд” – хабар медиҳад ORDA.kz. Ҳамин тариқ, норозиён зидди боздошти Алимнур Турғанбойи қазоқистонӣ дар Чин баромаданд.
“Алимнур чор моҳ боз дар Чин боздошт шудааст. АЗ он вақт то ҳоло ҷониби Чин ҷавоби мушаххас надодааст. Алимнур шаҳрванди Қазоқистон аст. Ман муқовиматҳои худро то он даме, ки ӯро озод накунанд, қатъ намекунам”, — мегӯяд яке аз иштирокчиёни гирдиҳамоӣ.
“Ӯро бесабаб боздошт карданд. Бародарони моро дар зиндон нигоҳ медоранд”, — илова кардааст марде, ки дар гирдиҳамоӣ ҳузур дошт.
Дар ин митинг одамон бо забонҳои қазоқӣ ва чинӣ муроҷиат карданд ва пас аз он парчами Чин ва портрети раҳбари Чинро сӯзониданд. Дар ҷои ҳодиса пулис пайдо шуд ва эътирозгарон боздошт шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь