Сухангӯи Ҳаракати Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Забеҳулло Муҷоҳид хабар дод, ки дар ҳамлаҳои Покистон ба ноҳияи Сепинболдок дар Қандаҳор ҳадди аққал 12 сокини осоишта кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд
Расонаҳои давлатии Покистон хабар доданд, ки артиши кишвар дар доираи як қатор амалиёти ҷавобӣ ба “гузаргоҳҳо, танкҳо ва лагерҳои омӯзишӣ” – и нерӯҳои Толибон (мамнуъ дар ҶТ) зарба задаанд.
Сардори беморхонаи Спинболдок шумораи кушташудагонро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар задухӯрдҳо беш аз 80 занону кӯдакон осеб дидаанд.
Покистон изҳор дошт, ки амалиёти низомӣ пас аз он оғоз ефт, ки толибони Афғонистон ва ҳаракати Толибони Покистон “тири беақлона” кушоданд.
Расонаҳои дохилии Афғонистон хабар доданд, ки “дар задухӯрдҳо, ки тақрибан соати 3:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз ефт, силоҳҳои сабук ва вазнин истифода шуданд”, – хабар медиҳанд мақомоти маҳаллӣ.
Дар видеои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда, садои тир аз силоҳи вазнин ва таркишҳо дар минтақаҳои наздисарҳадӣ шунида мешавад. Дар ҳамин ҳол, баъзе иншооти ҷамъиятӣ дар марзи Афғонистон кӯчонида шудаанд. Дар рӯзҳои охир низоъ байни нерӯҳои ҷангии Толибон дар Афғонистон ва артиши Покистон шиддат гирифтааст.
Танишҳо байни ду ҷониб пас аз он ки ҳукумати Толибон (мамнуъ дар ҶТ) Покистонро дар “вайрон кардани фазои ҳавоӣ” ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Афғонистон айбдор кард, шиддат гирифт
Пас аз он ки Толибон (мамнуъ дар ҶТ) дар соли 2021 ба қудрат баргаштанд, дар минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон ва Покистон бархӯрдҳо рух доданд, аммо халалдор шудани фазои ҳавоӣ дар замини Афғонистон ба сатҳи нави ташаннуҷ баромаданд.

Ҷанг дар Афғонистон
Блоки рекламавӣ


