Дар зеристгоҳи барқии 220/35/6 кВ-и «Себистон»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонии навбати дуюм идома доранд. Дар ин хусус бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.
Аз ҷониби филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар насбу васли трансформаторҳои қудратии навъи SFSZ-25 МВА дар марҳилаи анҷом қарор дорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани ин иншоот ба таъмини устуворӣ ва эътимоднокии интиқоли барқ ба корхонаҳои саноатӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ ва аҳолии ноҳияи Данғара мусоидат менамояд.
Блоки рекламавӣ



