Дар шоҳроҳи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ баргузор гардид.
Дар маросими кушодашавӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор , раиси ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоудин, раиси Федератсияи велосипедронӣ Озодхон Давлатшоев иштирок ва суханронӣ намуданд ва баргузории чунин чорабиниҳои варзиширо омили муҳим дар рушди тарзи ҳаёти солим, тарбияи ҷисмонӣ ва баланд бардоштани шавқу ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки мусобиқаи мазкур бо мақсади рушди намуди велосипедронӣ, ошкор намудани варзишгарони лаёқатманд ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонон роҳандозӣ гардида, барои омодасозии варзишгарон ба мусобиқаҳои сатҳи баланд мусоидат менамояд.
Раиси Кумита ҳамчунин таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди инфрасохтори варзишӣ ва оммавӣ гардонидани варзиш дар саросари кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар мусобиқа варзишгарон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, қувваю маҳорати худро дар ин намуди варзиш санҷиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь