Бо мақсади иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара ба таври дастҷамъона ниҳолҳои пистаҳои хушкшударо дар 44 гектар барқарор карданд. Дар ин бора Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳудуди заминҳои хоҷагии ҷангали Тоҷикистон зиёда аз 81 ҳазор гектарро пистазор ташкил медиҳад. Дар доираи «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026», ки яке аз ҳадафҳои он барқароркунӣ ва зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал мебошад, бунёди қитъаҳои доимии тухмипарварӣ ва плантатсияҳо идома дорад.
Мақсади асосии «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026»-нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасонии экосистемавии пешниҳодшаванда дар шароити тағйирёбии иқлим, мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии сокинон бо роҳи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.

Данғара: Чилу чор гектар ниҳолҳои пистаҳои хушкшуда барқарор мешаванд
Блоки рекламавӣ


