Ҳолати кордзанӣ дар ноҳияи Сино ошкор шуд
Душанбеполис аз ошкор гардидани ҳолати кордзанӣ дар пойтахт дар доираи амалиёти шартии «Корд» хабар медиҳад. Тибқи иттилои расмӣ, ҳодиса дар ноҳияи Сино ба қайд гирифта шудааст.
Муайян гардид, ки санаи 15-уми январ шаҳрванд Алиева А., сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Гипрозем бо як нафар муноқиша намуда, бо истифода аз корд ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Бо дахолати саривақтии кормандони милитсия ҷиноят пеш аз расидани оқибатҳои вазнин пешгирӣ карда шуд.
Нисбати гумонбар бо моддаи 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Сабабҳои муноқиша муайян карда мешаванд.
Абдураҳмон Раҳмонов
Блоки рекламавӣ



