Дабири кулли NATO Марк Рютте гуфт, ки ҷанг дар Украина эҳтимол дорад, то охири соли ҷорӣ хотима ёбад.

Ӯ изҳор дошт, ки сарфи назар аз душвориҳои пешгӯикунӣ, умед вуҷуд дорад, ки дар ояндаи наздик роҳҳалли осоишта ба даст оварда шавад.

“Албатта. Ҳамаи мо барои хотима ёфтани зудтари ин ҷанг дуогӯем. Ман мехоҳам ҳама кори аз дастамон меомадаро барои амалӣ кардани нақшаи президент Трамп анҷом диҳам”, – гуфт Рютте, вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё сулҳ то охири соли ҷорӣ имконпазир аст. Ӯ таъкид кард, ки “пешгӯӣ ҳамеша душвор аст”, аммо изҳори итминон кард, ки “сулҳ ба зудӣ фаро мерасад”.

Дабири кулли NATO афзуд, ки пас аз музокирот дар Женева, як қатор мулоқот, инчунин муҳокимаҳои мувозӣ бо ИА ва Иттиҳод дарс ари баъзе масъалаҳо зарур хоҳанд буд. Дар айни замон, Рютте бовар дорад, ки ҳатто созиш ба даст ояд ҳам, Русия ба амнияти Аврупо “таҳдиди дарозмуддат” хоҳад кард. Аз ин рӯ, ӯ аз кишварҳои NATO даъват кард, ки хароҷоти дифоъро ба таври назаррас афзоиш диҳанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь