Бо мақсади таъмини мунтазами барқ ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар зеристгоҳи барқии “Ленинобод” трансформатори нави пуриқтидор насб гардид.
Зеристгоҳи мазкур яке аз иншооти муҳими энергетикии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ дар солҳои охир сарборӣ дар зеристгоҳ афзуда, фаъолияти он ба талабот ҷавобгӯ набуд.
Трансформатори нави пуриқтидор бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас ва насб шуда, имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва директори генералии ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» Мирзо Маҳмудзода ба кор андохта шуд.
Мақсад аз насби трансформатор баланд бардоштани эътимоднокии шабакаи энергетикӣ, кам кардани хатогиҳои техникӣ ва беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии вилоят бо барқ мебошад.
Ҳамакнун бо насби трансформатор имкониятҳои зеристгоҳи “Ленинобод” васеъ гардида, вазъи барқрасонӣ ба маротиб беҳтар хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь