“Дастаи «Соро компания»-и Душанбе дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 ғолиб омад”, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии панҷум ва ҳалкунандаи силсилаи ниҳоӣ «Соро компания» бар дастаи «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ғалаба карда (1:1, аз рӯйи пеналти – 5:4), унвони чемпиониро ба даст овард. Бозии охирини силсилаи ниҳоӣ 4 январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Ин шашумин унвони чемпионии «Соро компания» ба ҳисоб меравад. Бошгоҳи шаҳри Душанбе қаблан дар солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024/25 ҷоизаи чемпионии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2025 насиби футзалбозони «Сипар» ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи «Истиқлол» шуд.
Блоки рекламавӣ



