“Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Руссия Сергей Лавров ва Котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар ин ҳафта “то ҳол мавқуф гузошта шудааст”, – хабар додааст шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба сарчашмааш дар кохи Сафед. Сабаби аслии таъхир мушаххас нашудааст. Ба гуфтаи манбаи ин шабака, Лавров ва Рубио дар бораи эҳтимоли анҷоми низоъи низомӣ дар Украина “интизориҳои гуногун” доранд.
Аз сабаби ба таъхир афтодани гуфтушунидҳои онҳо, “умеди Президенти ИМА Доналд Трамп ба мулоқоти фаврӣ бо Президенти Руссия Владимир Путин метавонад барбод равад”, – қайд кардааст CNN. Як мусоҳиби дигари шабакаи телевизионӣ иқрор шудааст, ки вазири умури хориҷии Руссия ва котиби давлатии ИМА метавонанд ин ҳафта дубора тилфонӣ сӯҳбат кунанд.
16 октябр Президентҳои Руссия ва ИМА сӯҳбати телефонӣ карданд. Он тақрибан ду соат давом кард. Дар натиҷаи сӯҳбат онҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ин сол дуввумин мулоқоти шахсӣ баргузор намоянд. Санаи он ҳанӯз маълум нест, аммо ҷои мулоқот шаҳри Будапешт, мувофиқа карда шуд. Дирӯз Кремл оғози омодагии пурраи саммитро дар Маҷористон эълон кард. Шоми ҳамон рӯз Сергей Лавров ва Марко Рубио телефонӣ сӯҳбат карданд. Reuters навиштааст, ки мулоқоти онҳо метавонад 23 октябр баргузор шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь