“CIA (Бюрои федералии ҷосусӣ) барои мусаллаҳ кардани нерӯҳои мухолифи курд дар Эрон кор мекунад, то онҳо тавонанд бар зидди режими дохилии кишвар исён барангезанд”, – хабар додааст шабакаи телевизиёнии CNN бо истинод ба чанд манбаъ.
Ба гуфтаи яке аз ҳамсӯҳбатон, идея он аст, ки нерӯҳои мусаллаҳи курд бо нерӯҳои амниятии Эрон ба ҷанг дароянду онҳоро ба ин васила машғул кунанд, то эрониёни беяроқ дар шаҳрҳои калон ба эътирозҳо осонтар бароянд.
Як мансабдори дигари амрикоӣ изҳор дошт, ки курдҳо метавонанд ба харобии минтақа ва дароз кардани захираҳои низомии режими Эрон кӯмак кунанд. Идеяи дигар ин аст, ки курдҳо қаламрави қисми шимолии Эронро ишғол ва нигоҳ доранд, ки ин барои Исроил минтақаи буферӣ эҷод мекунад.
Ба гуфтаи як мансабдори баландпояи курди Эрон, сеюми март Доналд Трамп бо Президенти ҳизби демократии Курдистон Мустафо Ҳиҷрӣ телефонӣ сӯҳбат кард. Маъмурияти Трамп инчунин масъаларо бо курдҳои Ироқ муҳокима мекунад. Ҳар гуна кӯшиши мусаллаҳ кардани курдҳо дар Эрон дастгирии курдҳои Ироқро талаб мекунад, то онҳо ба интиқоли силоҳ ва истифодаи Курдистони Ироқ ҳамчун пойгоҳ иҷозат диҳанд”, – шарҳ медиҳад CNN.
“Интизор меравад, ки курдҳо дар Эрон дар рӯзҳои наздик дар амалиёт ширкат кунанд” – мегӯяд як манбаи баландпояи Эрон. “Мо боварӣ дорем, ки мо ҳоло имкони бузург дорем” гуфт як ҳамсӯҳбат ба CNN ва илова кард, ки фидоиёни курд ба дастгирии ИМА ва Исроил умед мебанданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь