Дар Абу-Дабим Аморати муттаҳидаи Араб вохӯриҳо байни намояндагони Амрико ва Руссия баргузор мешаванд, ки бояд барои гуфтушунидҳои минбаъдаи сатҳи олӣ асос шаванд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN бо истинод ба як мансабдори номаълум дар Амрико менависад.
Яке аз аъзои калидии ҳайати Амрико — вазири артиш Дэн Дрисколл, ҳамсӯҳбати CNN аст. Ба гуфтаи ӯ, пас аз мулоқот бо мансабдорони Руссия 25 ноябр ҷаноби Дрисколл ният дорад, ки мулоқотро имрӯз идома диҳад. Дар бораи гуфтушунидҳои Амрико ва Руссия дар Абу-Даби бо истинод ба манбаъҳо рӯзи гузашта Financial Times ва CBS хабар доданд. Тибқи маълумоти FT, дар АМА инчунин роҳбари Раёсати разведкаи Вазорати мудофиаи Украина Кирилл Буданов ҳузур дошт. Дар айни замон, рӯзнома дар бораи вохӯрии сеҷониба маълумот надорад.



