Рашид Раҳимов, футболбози маъруфи «Помир»-и Душанбе, ҳоло сармураббии «Рубин»-и Қазон (ФР,)  боре ҳангоми бозӣ як бозигар, довар, мураббии ҳариф ва нозири бозиро задааст.

Раҳимов аз вақте, ки ҳанӯз солҳои 80-ум дар «Помир»-и Душанбе бозй мекард, воқеаи аҷоибе нақл кардааст. Парвандаи мазкур метавонист ҳатто бо маҳрумияти якумрӣ аз футбол хотима ёбад:

“Мо бо Атлантас аз Клайпеда бозӣ мекардем. Ҳангоми бозӣ яке аз пушти ман зарба зад ва довар ҳуштак накашид. Бозигаре, ки қоидаро вайрон кард, ба ман чизе гуфтан гирифт. Ман ба сӯи ӯ рафтам, вай ба рӯи ман туф кард. Ман ӯро барои туф карданаш задам ва дарҳол дар пеши худ корти сурхро дидам. Ман ба довар гуфтам, ки ба ӯ ҳам корт диҳад, аммо надод. Баъди ин ман доварро ҳам задам. Мураббии дастаи ҳариф ба сӯи ман давиду чизе гуфт, аммо баъд ба курсӣ баргашт. Ман ин мураббиро дар курсӣ дидаму ӯро ҳам задам.

Ин охири кор нест. Баъдтар беақлии бештар кардам. Нозири бозӣ маро дар минбар пешвоз гирифту сарзаниш кардан гирифт: «Дар бораи ту ҳама чизро менависам, дар протокол менависам, то туро аз бозиҳо маҳрум кунанд». Хуб, ман дигар тоқат карда натавонистаму ӯро ҳам задам.

Маро овоздиҳии комиссияи варзишӣ-техникӣ иборат аз 10 кас наҷот дод. Пешниҳод шуд, ки ин гуна одамон дар футбол набошанд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ як кас барои як сол, чор кас барои якумр ва панҷ кас барои шаш моҳ хостанд, ки ман аз футбол маҳрум карда шавам. Ман аз моҳи ноябр то апрел бозӣ накардаам.

Хуни гарм буд, аммо чӣ бояд кард? Ин хатои ман буд. Бо вуҷуди ин, вақте ки ман ба бозии аввалини худ пас аз ҷазо баромадам, тамоми варзишгоҳ маро бо кафкӯбӣ пешвоз гирифтанд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь