Бо мақсади тарғибу ташвиқи хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, аз моҳи июни соли ҷорӣ дар як қатор боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва марказҳои савдои шаҳри Душанбе бо иштироки волонтёрон ва масъулини Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон – Амонатбонк” чорабиниҳои омӯзишӣ ва аксияҳои таблиғотӣ баргузор гардиданд.
Аз ҷумла, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айни дар доираи маросими ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ-тарғиботӣ вобаста ба намудҳои гуногуни хизматрасониҳои бонкӣ дастрас гардида, ҳамзамон маълумоти зарурӣ пешниҳод карда шуд.
Дар доираи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон як қатор донишҷӯёни бахшҳои иқтисодии муассисаи мазкур бо фаъолияти филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ва хизматрасониҳои бонкӣ шинос гардиданд. Ба онҳо оид ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, қоидаҳои истифода ва имкониятҳои барномаи «Амонат-мобайл», воситаҳои пардохти ғайринақдӣ, амнияти иқтисоди рақамӣ, саводнокии молиявӣ, инчунин тарзи дурусти ба роҳ мондани муносибат бо мизоҷон маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон, дар як қатор бозорҳои шаҳр, аз ҷумла «Саховат», «Фаровон» ва «Меҳргон», инчунин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ миёни соҳибкорон ва аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба хизматрасониҳои бонкӣ, бахусус низоми пардохти ғайринақдӣ, ба роҳ монда шуданд. Дар ҷараёни ин чорабиниҳо аз ҷониби масъулини Бонк барномаи «Амонат-мобайл» дар телефонҳои мобилии соҳибкорон ва мизоҷон ба таври амалӣ насб гардида, тарзи истифодаи он шарҳ дода шуд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ ба болоравии сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва густариши истифодаи хизматрасониҳои муосири бонкӣ мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь