Бо фармони Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон чор судя аз вазифа озод шуданд. Инҳо Раҷабзода Ҳотам Назар аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, Баротзода Ҳусейн Наҷот аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рашт, Мирзозода Манучеҳр Ҳасан аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа аз вазифаи судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон мебошанд.
Дар фармони се нафари аввал масъалаи ба кадом вазифаи дигар рафтани онҳо маълум нест. Фақат дар фармони судяи чорум Азизӣ Ҷалолиддин омадааст, ки “бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шавад”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь