Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллобонро, ки аз 4 нафар иборат буданд, дастгир намуданд.
Аз гумонбаршавандагон дар маҷмӯъ 11 килограмм воситаи нашъадори навъи «Ҳашиш» ва 1 килограмму 520 грамм маводи психотропии «Метаамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Айни замон гумонбаршавандагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба онҳо тибқи талаботи моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



