Дар Парабозиҳои V Осиё байни наврасон, ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб идома доранд, варзишгарони тоҷик 4 медал, аз ҷумла 1 медали тилло ва 3 медали нуқра ба даст оварданд.
Бозиҳои паралимпии Осиё бо шаҳомати хосса ифтитоҳ ёфта, имсол дар онҳо зиёда аз 1 500 варзишгар аз 35 давлат дар 11 намуд — сабукии паралимпӣ, пауэрлифтинги паралимпӣ, камонварзӣ, шиноварӣ, баскетбол дар аробача, тенниси рӯи миз, бочча, пара-таэквондо, голбол, парабадминтон ва армрестлинг иштирок доранд.
Тоҷикистонро 6 варзишгар дар ду намуд – вазнабардорӣ ва дастхобонӣ муаррифӣ менамоянд.
Медали тиллоро дар вазни 65 кг Аҳмади Фатҳидин дар намуди вазнабардорӣ соҳиб шуд. Ӯ бо бардоштани 135 кг на танҳо пирӯз гашт, балки рекорди ҷаҳонӣ низ гузошт. Ин дастовард барои варзиши паралимпии мамлакат яке аз натиҷаҳои таърихӣ маҳсуб мешавад, зеро рақибони асосӣ аз Узбекистон, Ҳиндустон ва Филиппин ба чунин нишондод даст наёфтанд.
Медали нуқраро дар вазни 49 кг Мизробиддин Олимов бо бардоштани 110 кг ба хазинаи дастаи Тоҷикистон ворид кард. Ӯ ҳамагӣ як кило аз рақиби узбекистонии худ қафо монд, аммо ин натиҷа барои Тоҷикистон, ки параварзиш дар он дар марҳалаи рушд қарор дорад, дастоварди бисёр арзанда ба шумор меравад.
Илова бар ин, дар намуди дастхобонӣ (армрестлинг) варзишгари тоҷик Ҳаитҷон Хусаинов ду медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар рақобат бо аробача (wheelchair category) дар вазни мутлақ ҳам дар дасти чап ва ҳам дар дасти рост дар байни намояндагони 10 давлат мақоми дуюмро соҳиб гардид, ки ин барои дастаи Тоҷикистон дастоварди шоистаи дигар ба ҳисоб меравад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь