Иёлоти Муттаҳида дар бораи ҷорӣ кардани таърифа ё боҷи гумрукӣ посухи ҷавобӣ хоҳад дод.
Намояндаи Вазорати тиҷорати Чин дувоздаҳуми октябр гуфтааст, ки аз замони музокироти охирини Пекин ва Вашингтон дар моҳи сентябри имсол, Амрико “пайваста алайҳи Чин маҳдудиятҳои нав ҷорӣ менамояд”.
Мансабдори чинӣ афзудааст, “таҳдид ба ҷорӣ кардани таърифаҳои баланд шеваи нодурусти ҳамкорӣ Пекин аст”.
Мавқеи мо дар масъалаи ҷанги таърифаҳо бетағйир мемонад, мо таърифаҳоро намехоҳем, вале аз он ҳам наметарсем,”.
Пештар Президенти Амрико Доналд Трамп эълон карда буд, ки аз якуми ноябр ба молу маҳсулоте, ки аз Чин ворид мешаванд, 100 дарсад боҷ мебандад. Трамп дар саҳифаи иҷтимоии худ Truth Social навишта буд: “Иёлоти Муттаҳида ба молҳои Чин боҷҳои 100 дарсадӣ ҷорӣ хоҳад кард, бар иловаи ҳар гуна таърифаҳое, ки ҳоло пардохт мекунад”.
Тасмими Кохи Сафед пас аз он эълон шуд, ки Чин барои содироти металҳои нодир назорати сахт ҷорӣ намуд.

Чин ба Амрико посух медиҳад
Блоки рекламавӣ


