Дар пайи ҳамлаи маргбор ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва кушта шудани се нафар, Чин аз шаҳрвандонаш хостааст, аз минтақаи марзӣ берун шаванд. Дар ин бора хабаргузории “Ройтерс” бо истинод ба сафорати Чин дар Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин ҳамлаи мусаллаҳона, ки шаби 26-уми ноябр ба қароргоҳи як корхонаи заршӯӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин аз кишвари ҳамсоя анҷом шуд, се шаҳрванди Чин кушта шуда, як корманди дигари чинӣ дар ҷараёни тирандозӣ сахт захмӣ шудааст.
Чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамлаи маргбор дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро теpрористӣ хонда, шадидан маҳкум карданд.
Бино ба навиштаи рӯзномаи “Кайҳон” Исмоил Бақоӣ, сухангӯйи Вазорати умури хориҷаи Эрон ба хонаводаи кушташудаҳо изҳорӣ ҳамдардӣ карда, ба ҳамбастагии Эрон бо ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин таъкид кардааст.
Ин мақомдори эронӣ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба барои мубориза бо чунин ҳамлаҳо ишора кардааст.
Вазорати умури хориҷии Покистон ҳам рӯзи 28-уми ноябр кушта шудани се шаҳрванди чинӣ дар Тоҷикистонро «ҳамлаи шариронаи террористӣ» ва таҳдиди ҷиддӣ бархоста аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь