“Чин низомиёни худро ба Украина ҳамчун кафолати амният намефиристад” – гуфтааст вазорати корҳои хориҷии Чин. Пештар нашрияи олмонии Welt дар бораи омодагии Пекин барои ҷойгир кардани сулҳҷӯёнаш дар минтақаи низоъ “дар асоси мандати СММ” навишта буд. Киев ба ҳузури низомиени чинӣ дар кишвар сахт мухолиф аст.
“Чин дар доираи кафолатҳои амниятӣ сарбозонашро ба Украина намефиристад”, гуфтааст намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин Го ТСзякун ҳангоми брифинги матбуотӣ.
23 август рӯзномаи олмонии Welt am Sonntag бо истинод ба як манбаъ дар ҳукумати Чин хабар дода буд, ки ин кишвар гӯе омода аст чунин иқдомро анҷом диҳад, агар “нерӯҳои сулҳҷӯен дар асоси мандати Созмони Милали Муттаҳид”ҷойгир карда шаванд.
Блоки рекламавӣ



