Дар соли гузашта дар Чин каме камтар аз аҳолии Тоҷикистон тифл ба дунё омадааст, ки онро мақомоти ҳамсоякишвар коҳиши бесобиқаи аҳолӣ номидаанд.
Дар ҷумҳурии мардумии Чин соли 2025 наздик ба 8 миллион тифл ба дунё омадааст, ки камтарин сатҳи таваллуд аз замон таъсиси кишвар дар соли 1949 будааст.
Мақомоти Чин рӯзи 19-уми январ бо нашри омори нави таваллуд гуфтанд, ки дар 10 соли ахир таваллуд дар кишвар бисёр кам шуда, ба нуқтаи рекордӣ расидааст. Дар ду соли гузашта дар Чин каме бештар аз 9 миллион тифл ба дунё омадааст, ки дар муқоиса ба 10 соли пеш як баробар кам аст.
Соли гузашта издивоҷ дар ин кишвар беш аз 8 дар сад афзудааст ва ин умедвориҳоро ба афзоиши дубораи таваллуд бештар кардааст.
Блоки рекламавӣ



