Соли 2025 Раёсати “Аудит” – и дохилӣ ва назоратии Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 348 ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мувофиқи нақшаи корӣ таҳлилҳои интихобӣ гузаронида ба маблағи 7 милион сомонӣ камбудиҳоро ошкор намудаанд. Дар ин бора
сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Чиллазода Аъзамҷон зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки аз 4.1 милион сомонӣ, маблағи 2 милион сомонӣ ба буҷет ва 2.1 милион сомонӣ ба фоидаи корхонаҳо барқарор карда шуд.
Ба иттилои манбаъ соли 2025 дар вилояти Хатлон бо дарназардошти рушди воқеии иқтисодиёт нақшаи қисми даромади буҷети маҳллӣ аз руи контингенти умумӣ ба андозаи 103.3 фисад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ ба андозаи 101 фисад таъмин гардида, ба буҷет 2746.3 милион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба нақша 38.8 милион ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 429 милион сомонӣ зиёд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь