Рӯзи 04.04.2026, соати 12:00 дар ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ намоиши расмҳои Арбоби ҳунари ҶТ АНВАРШО САЙФИДДИНОВ таҳти унвони “Чил калид” ба ифтихори 35-солагии истиқлоли кишвар ва 50-солагии фаъолияти педагогӣ – ҳунарии рассом оғоз мегардад.
Дар намоишгоҳ асарҳои устод ва шогирдони ӯ ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
АНВАРШО САЙФИДДИНОВ 24.03.1951 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар хонаводаи хизматчии давлатӣ ба дунё омадааст. Падараш Сайфиддин Раҷабов (ёдаш ба хайр) арбоби сиёсӣ, роҳбари Ҳизби коммунистии ноҳияи Ванҷ ва аз зумраи инсонҳои хидматгори диёру миллат буданд.
Анваршо соли 1972 шӯъбаи рассомии Омӯзишгоҳи рассомии ҷумҳурӣ ба номи М.Олимов (ҳоло Коллеҷи рассомӣ)-ро хатм карда, барои идомаи таҳсил ба шаҳри Тошканд рафт. Дар соли 1977 Донишкадаи бадеӣ-театрии ба номи А.Н.Островскийи пойтахти Ӯзбекистонро бомуваффақият ба итмом расонида, ба Душанбе баргашт. 45 сол боз дар Коллеҷи рассомӣ ва инак чанд соли ахир дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн кору фаъолият дорад.
Арбоби ҳунари ҶТ ба синни мубораки 75 қадам мениҳанд ва ҳоло низ дар такопӯ, пайи эҷоди асарҳои нав аст.

“Чил калид” – и Сайфиддинов
Блоки рекламавӣ


