Бо як қарори “Толибон” Тоҷикистон як бозори муҳими содироти ангиштро аз даст шояд диҳад. Ин гурӯҳи ҳоким дар Афғонистон аз ҷониби Душанбе хостааст, барои ҳар тонна ангишти содиротӣ 40 доллар “таърифаи транзитӣ” диҳад.
Ин маълумотро Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ эълон намудааст: “Дар ҷумҳурӣ аз ҳама зиёдтар соли 2022 беш аз 371 ҳазор тонна ангишт содирот шуда буд. Асосан ба Афғонистон ва Покистон. Ҳукумати “Толибон” баъзе намуди механизмҳо, таърифаи транзитӣ ворид кард, ки содироти ангиштро ба мо хеле мушкил гардонд. Ба ин нигоҳ накарда, дар бозори нав – бозори Узбекистон нишондоди хуб дида мешавад. Дар ин нимсола 307 ҳазор тонна содирот кардем, тақрибан ҳамааш, 98 дарсад ба Узбекистон. Бозори Узбекистон барои мо хеле муҳим аст. Қисми зиёди ангиште, ки ба Узбекистон содир мешавад, ба минтақаи ҷануби Узбекистон, ки бо мо ҳамсарҳад ҳастанд, рост меояд,” — изҳор дошт вазири саноат.



