Мутахассис мавсими гузаштаро ҷамъбаст карда, сабабҳои тамдид накардани шартномаи худро бо дастаи “Истиқлол”-ро шарҳ додааст.
Игор Черевченко аз анҷоми муҳлати шартнома бо дастаи футболи “Истиқлол” ва танаффус дар кори мураббигияш эълон намудааст.
Вай инро дар паёми видеоие, ки дар шабакаи иҷтимоии даста нашр шудааст, эълон кард.
Черевченко гуфт, ки ба далели дарди зону, ки ҷарроҳӣ ва то 3 – 4 моҳ барқарорсозӣ металабад, муддате аз фаъолияти мураббигӣ канор меравад.
Мураббӣ инчунин фаъолияти “Истиқлол”-ро ​​дар мавсими гузашта ҷамъбаст кард.
“Ман фикр мекунам, ки барои даста имсол хуб гузашт. Ҳайати мураббиён ва бозигарон кори хубе анҷом доданд. Мо Чемпионат ва Суперҷоми (Тоҷикистон)-ро ба даст овардем. Мо дар Лигаи Чемпионҳо дар даври 2-юм хуб бозӣ кардем. Ҳадаф аз гурӯҳ баромадан буд, аммо аз сабаби фарқияти голҳо ин кор анҷом наёфт. Ташаккур ба бачаҳо барои заҳматашон”, – гуфт ӯ.
Мураббӣ солро барои дастаи футболи “Истиқлол” муваффақ медонаду дар оянда барои даста муваффақиятҳои бештар таманно намуд.
Мудири кулли даста, Шаҳзод Сулаймонов қаблан истеъфои мураббиро эълон карда буд.
Игор Черевченко аз октябри соли 2024 сармураббии дастаи “Истиқлол” аст. Дар ин давра, ӯ бо даста дар солҳои 2024 ва 2025 ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь