7–8 феврали соли 2026 дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо баргузор мегардад. Дар ин хусусаз Федератсияи самбои Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар мусобиқа беҳтарин варзишгарони мамлакат аз намуди самбои варзишӣ ва самбои размӣ ҷамъ омада, барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ ва роҳхат ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Хотиррасон мешавем, ки ғолибони мусобиқа аз Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳонии самбо дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон иштирок менамоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь