Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштини қазоқ кураш дар Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби чор медал гардиданд. Онҳо дар ин Чемпионат 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 2 медали биринҷиро сазовор шуданд.
Паҳлавони шинохтаи маъруфи Ҳақназар Назаров дар вазни 90кг дар ин мусобиқот ҳунар ва маҳорати баланд нишон дода, бар ҳамаи ҳарфонаш ғолиб омаду сазовори медали тилло ва унвони Чемпиони Осиё оид ба гӯштини қазоқ – кураш шуд.
Варзишгари дигари тоҷик Дадахон Қурбоналиев дар вазни +100кг медали нуқра гирифт. Паҳлавонони дигари тоҷик Рамзиддин Азизов дар вазни 60кг ва Наврӯз Каримзод дар вазни 74кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.
30-31-уми октябри соли 2025 инчунин Ҷоми ҷаҳон оид ба гӯштини қазоқ, – кураш дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Чемпионати Осиё: Тоҷикон Соҳиби чор медал
Блоки рекламавӣ


