Дар шаҳри Прагаи Чехия дар як вақт беш аз чил корманди идораи полис бо нишонаҳои шикамдард ба духтур муроҷиат намудаанд. Сомонаи чехии iDNES рӯзи 17 сентябр навиштааст, ки ҳодиса ҳафтаи гузашта дар идораи полиси маҳаллаи “Летна” рух додааст.
Фарзияи аввалия ин аст, ки эҳтимолан бемории ходимони полис хусусияти вирусӣ дорад. Ҳанӯз манбаи сироят маълум карда нашудааст, вале барои пешгирӣ аз ҳама гуна эҳтимоли бадтар шудани вазъ барои як муддат ошхонаи умумӣ ва буфети бинои идораи полис баста шуд.
Ҳана Мала,намояндаи ин идораи полис ба нашрия гуфтааст: “44 корманд бо нишонаҳои сабуки шикамравӣ шикоят намуданд. Таҳқиқоти микробиологӣ вуҷуди хусусиятҳои бактериологии бемориро тасдиқ накард. Инчунин ВКД ба ҳайси идораи таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳқиқи эпидемиологиро ба роҳ гузоштааст. Тафтиши ошхонаву буфет ҳеҷ мушкилеро ошкор нанамудааст ва баъди анҷоми таҳқиқ ин ду муассисаи хӯроки умумӣ аз рӯзи сешанбе дубора корро сар карданд. Баъди он ҳодиса дигар шикояте дар бораи бад шудани саломатии ходимони идораи полис садо надодааст.

Чехия: Чил коргари идораи полис гирифтори шикамдард
Блоки рекламавӣ


