Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ, дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ҳоло сокинон долларҳои худро бештар иваз мекунанд.

Рӯзи якуми август дар бонкҳои Тоҷикистон арзиши сад доллари Амрико 945 сомонӣ таъйин шуд. Чаҳор моҳ пеш сад доллар 1090 сомонӣ арзиш дошт.

Толибзода сабабу омилҳои поинравиро чунин шарҳ додааст “Якчанд омил ҳаст. Аз як тараф номуайянӣ, аз тарафи дигар зиёдшавии асъор дар бозори дохилӣ. Вақте як чиз дар бозор зиёд шуд, нархи он поин мешавад. Омили дигар савдо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, алалхусус Русия. Яъне, зиёдшавии тамоюли ҳисоббаробаркунӣ бо Русия бо рубли русӣ ҷой дорад”.

Ба иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло дар савдои хориҷӣ бо кишварҳои собиқи Шӯравӣ ҳиссаи рубли Русия бештар аз 77 дарсад ва доллар 21 дарсадро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки чаҳор сол пеш чунин нишондод баръакс буд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2022 бо қабули як барнома тасмим гирифт, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ва баъзе аз ашёи хомро аз хориҷа бо рубли Русия ва юани Чин ба роҳ монда, дар додугирифти байналмилалӣ истифодаи долларро камтар кунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь