Осорхонаи “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар, ки дар болои теппаи «Қӯрғон» ҷойгир шудааст, бо сабаби садамавӣ шуданаш, баста шуд.

Як манбаъ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар дод, ки  сабаби баста шудани осорхонаи “Бибихонум” садамавӣ будани бинои он аст.

“Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бояд дар теппаи “Қӯрғон”, ки  Осорхонаи таърихию кишваршиносии «Бибихонум” дар болои он ҷойгираст пурра азнавсозӣ шавад. Мувофиқи нақшаи пешакӣ бояд дар он ҷо амфитеатр, муҷасами Исмоили Сомонӣ, чойхона ва гулгашти зебо сохта шавад. Мувофиқи ҳисобҳои фаврӣ барои босозии ин мавзеъ наздики 50 миллион сомонӣ лозим аст”, – гуфт манбаъ.

Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар соли 1999 дар арафаи ҷашни 1100-солагии асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуда, рӯзи 24-уми сентябри ҳамон сол бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифода дода шудааст. Осорхона дорои беш аз 2 ҳазору 468 нигораи таърихӣ буда, аз 24 гӯша иборат аст. Бозёфтҳои таърихии он ба асрҳои 7-9 то инҷониб рост меоянд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь