Мақомоти Русия гуфтанд, рафтори ронандаеро месанҷанд, ки дар аввали моҳи октябр мусофиронро дар дохили автобус монда, худаш сари ҷойнамоз рафтааст. Ҳодиса дар минтақаи Хабаровски Руссия рух дода, ширкати автобусҳои шаҳрӣ гуфтааст, ронанда муҳоҷири корӣ мебошад. Ҳоло маълум нест, ки бо ронанда чӣ кор кардаанд, аммо ин ягона ҳолате нест, ки сокинони Руссия аз ибодати муҳоҷирон дар кӯчаҳо шикоят мекунанд.
Ҳафтаҳои охир наворҳои зиёде дар саҳифаҳои миллатгароҳои рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки муҳоҷирони кориро ҳангоми адои намоз инҷову онҷо нишон медиҳанд. Корбарон ҳам ин рафтори муҳоҷиронро интиқод карда, онро таблиғи дин дар маконҳои иҷтимоӣ медонанд, ки ба қавли онҳо дар Руссия мамнуъ мебошад.
Блоки рекламавӣ



