ва ё тағйири системаи ҳисобкунак ва хароҷотҳои сангини мусофирон
Дар чанд соли ахир, рушди ширкатҳои таксӣ ва ба таври густарда истифода шудани барномаҳои мобилии фармоиши таксӣ, шеваи ҳаракат ва дастрасӣ ба нақлиёти инфиродиро осон кард. Аммо ҳамзамон бо ин, як қатор тағйирот дар системаҳои ҳисобкунаки ширкатҳои таксӣ, имрӯз ба масъалаи ҷиддӣ барои шаҳрвандон табдил ёфтааст.
Гузариш аз 90 ба 60 сония: тағйири хомӯш ва таъсирбахш
Солҳои пеш ҳангоми истодани мошини таксӣ дар чароғак ё тамбашавӣ, пас аз 90 сония ҳисобкунак фаъол мешуд ва маблағи иловагӣ ҳисоб мешуд. Аммо акнун, тибқи таҷрибаи нави тамоми ширкатҳои таксӣ, ин фосила аз 90 ба 60 сония коҳиш дода шудааст. Яъне, ҳар бори дар ҳаракат набудани мошин барои як дақиқа, маблағи муайян (як сомонӣ) ба нархи умумӣ зам мешавад.
Ин тағйирот, ки ба таври густарда ва камошкорона ҷорӣ гардид, дар сатҳи аввали назар шояд хурд намояд. Вале дар воқеъ, он ба таври ҷиддӣ ба ҷайби мусофир таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Тамбашавӣ – офати нарх
Бо афзоиши тамбашавӣ дар шаҳрҳои калон, махсусан пойтахт, шоҳид ҳастем, ки ҳатто як масофаи кӯтоҳ метавонад даҳҳо дақиқа вақт бигирад. Маҳз дар ҳамин фосилаҳои дарунтамбагӣ, ки ҳисобкунак фаъол аст, нархи роҳ дар масофаҳои кӯтоҳ низ то 15–20 сомонӣ боло рафтааст. Дар ҳоле, ки солҳои пеш мусофирон бо 10 сомонӣ ҳамин масофаро тай мекарданд.
Система барои кӣ кор мекунад?
Суоли муҳим ин аст: ин тағйирот ба нафъи кӣ аст: ронанда, ширкат ё мусофир?
– Барои ронанда, шояд фоида каме бештар шавад, аммо бо хашми мусофирон рӯ ба рӯ мешаванд.
– Барои ширкат – баррасиҳои молиявӣ нишон медиҳанд, ки фоида бештар мешавад.
– Аммо барои мусофир, ин тағйирот фишори бевосита ва сангин меорад, махсусан барои нафароне, ки ҳар рӯз таксӣ истифода мебаранд.
Пайомадҳо ва хатарҳо
– Аз даст рафтани боварӣ: Агар тағйирот шаффоф набошад, мардум ба ширкатҳо эътимод намекунанд.
– Мубориза бо алтернатива: Бисёре аз шаҳрвандон ба мотосикл, нақлиёти ҷамъиятӣ ё пиёдагардӣ рӯ меоранд.
– Бартарии таксӣ коҳиш меёбад, агар он дигар осон, арзон ва дастрас набошад.
Пешниҳодҳо:
1. Баргардонидани муҳлати интизорӣ ба 90 сония, махсусан дар ҳолати тамбашавӣ.
2. Шаффофсозии тарзи ҳисобкунак барои мусофир.
3. Эълони кушоду равшани сиёсати ширкат дар барномаҳои мобилӣ.
4. Ҳимояи ҳуқуқи мусофирон тавассути танзими давлатӣ.
Таксӣ бояд роҳати ҳаракат бошад, на оғози асабоният. Тағйири чунин ҷузъиёти “хурд” метавонад ҳаёти рӯзмарраи ҳазорон нафарро мушкил кунад. Дар ҳар навоварӣ бояд ҳам ҳақи ронанда ва ҳам ҳақи мусофир риоя гардад. Ҳар тағйирот бояд бо ризоияти ҷомеа ва дар асоси шаффофият сурат гирад, вагарна, он ба ҷойи пешрафт, ба ақибгардонӣ мебарад. Аз саҳифаи фесбукии Камолиддин Каримов, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Чаро хароҷот дар таксиҳо рӯ ба афзоиш аст?
Блоки рекламавӣ