Дар пайи боло рафтани нархи гӯшт дар Тоҷикистон, Ҳукумат ба воридоти ин намуди маҳсулот аз хориҷа иҷозат дод.
Бархе аз гӯштфурӯшиҳои хурд ба далели харидор надоштани гӯшти воридотӣ, аз фурӯши он худдорӣ карда, танҳо гӯшти парранда мефурӯшанд.
Ҳоло як кило гӯшти гову гӯсфанди воридотӣ аз 75 то 85 сомонӣ қимат дорад.
Гӯшти гову гӯсфанди маҳаллӣ дар бозорҳо аз 105 то 115 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар фурӯшгоҳҳои бузург гӯшти маҳаллӣ аз 105 то 200 сомонӣ арзиш дорад. Сарфи назар аз нархи нисбатан баланд, харидорон бештар талабгори гӯшти маҳаллиянд.
Мақомот нархи як кило гӯшти маҳаллиро расман 85 сомонӣ муайян кардаанд. Дар нархномаи ҳамаи гӯштфурӯшиҳо арзиши як кило гӯшти маҳаллӣ низ 85 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо ба гуфтаи харидорон тақрибан дар ҳеч дӯкони гӯштфурӯшӣ бо ин қимат гӯшт намедиҳанд.
Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти дигари Тоҷикистон сабаби дар як-ду соли охир боло рафтани арзиши гӯштро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ ва афзоиши ошхонаву нуқтаҳои хӯроки умумӣ рабт медиҳанд. Вале бар асоси маълумоти пойгоҳи “Геостатистика”, соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни ҳама кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҳама камтар гӯшт истеъмол кардаанд. Тибқи маълумоти ин пойгоҳ, ҳар сокини Тоҷикистон дар сол 35,9 килограм гӯшт хӯрдааст. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон меъёри солонаи истеъмоли гӯшт барои ҳар сокини кишварро 40,8 кило муайян кардааст.
Дар Қазоқистон истеъмоли солонаи гӯшт 70,2 кг, дар Руссия 81,7 ва дар Белорус 94,5 кг баробар будааст. Дар Қирғизистону Ӯзбекистони ҳамсояи Тоҷикистон низ сокинон аз Тоҷикистон бештар 38,2 ва 42,4 кг ва дар Туркманистон 59 кг гӯшт истеъмол кардаанд.
Талаботи солонаи Тоҷикистон ба гӯшт тақрибан 390 ҳазор тонна аст. Тибқи омори Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли 2025 дар кишвар 375 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол шудааст, ки 35 ҳазор тонна бештар аз як соли пеш мебошад. Аз ин ҳамагӣ 42,5 ҳазор тонна гӯшти паранда аст. Ба гуфтаи вазорат, ин омор нишон медиҳад, ки таъминоти аҳолӣ ба гӯшти маҳаллӣ наздик ба 100% аст.
Ҳарчанд ин шабу рӯз ба гуфтаи фурӯшандагону харидорон аксари гӯшт дар бозорҳои Душанбе воридотӣ аст, Вазорати кишоварзӣ мегӯяд то декабри соли 2025 ҳамагӣ 8 ҳазор тонна гӯшт аз хориҷ ворид шудааст. Тоҷикистон аз Белорус, Қазоқистон ва Муғулистон гӯшти гову гӯсфанд ворид мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь