Ҳарчанд аз ҷониби кормандони милитсия нафарони зиёде барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир гардидаанд, вале санҷишҳо нишон медиҳанд ҳанӯз ин амали номатлуб аз байн нарафтааст, гуфтанд зимни нишасти хабарӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбиниро  ошкор кардаанд. Мутаассифона, то ҳол баъзе шаҳрвандон ба сеҳру ҷоду бовар намуда, ба назди фолбинону ҷодугарон рафта, барои амалӣ намудани амалҳои ҷинояткоронаи худ маблағ дода, ба гуфтаи онҳо боварӣ намуда истодаанд. Дар ҳоле, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки минбаъд барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо тамоми шаҳрвандоне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, низ ҷавобгаранд. Онҳо низ ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват гардида, нисбаташон мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои ВКД бо расмҳояшон гузошта мешаванд.

Ба иттилои масъулини ин ниҳод, чунин ашхос ба қайди Вазорати корҳои дохилӣ ворид гашта, нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Саодати Абдукарим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь