Духтари 18-сола дар Қирғизистон аз “чархофалак” (“карусел”) афтида, ҳалок шуд. Ҳодиса 21-уми сентябр дар боғи ба номи Алишери Навоии шаҳри Уш рух додааст.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, духтар баъди афтидан захмҳои вазнин бардошта буд ва барои ҳамин пизишкон натавонистанд ӯро аз марг наҷот диҳанд.
Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Уш гуфтанд, сабабҳои рух додани ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ин бори аввал нест, ки дар Қирғизистон сокинон дар пайи афтидан аз “чархофалак” захмӣ ё маҷруҳ мегарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь