Дастаи мунтахаби занонаи то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Фарҳод Холбеков дар даври дуюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA-2025), ки дар шаҳри Тошканд идома дорад, бо дастаи занонаи Ӯзбекистон бозиро мусовӣ (0:0) кард. Дар ин хусус аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд.
Қаблан, дар даври якуми чемпионати CAFA-2025 Тоҷикистон тими Туркманистонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода буд.
Блоки рекламавӣ



