29 март дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.
Иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Дар иншооти фарҳангӣ толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.
Баъди навсозӣ дар Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин бо фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар он барои ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон шароити зарурӣ фароҳам гардида, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иншооти мазкур баъди муддати тӯлонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.

Бӯстон: Театри ба номи Александр Пушкин ба истифода дода шуд
Блоки рекламавӣ


