Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 35-солаи сокини шаҳри Бӯстон дар вазифаи супервайзери гурӯҳи молҳои «Нестле»-и ҶДММ «Таджеро Суғд» дар шаҳри Бӯстон кор карда истода, дар давоми моҳи март то июни соли 2025, тибқи борхатҳо аз анбори ҶДММ-и мазкур молу маҳсулотҳои бренди «Нестле»-ро ба маблағи 552 ҳазору 309 сомониву 76 дирам бо масъулияти моддӣ ройгон гирифта, ба нуқтаҳои савдои минтақаи хизматрасонӣ дастрас накарда, ба дигар нуқтаҳои савдо ба фурӯш бароварда, маблағҳои молҳои фурӯхташударо аз нуқтаҳои савдо ҷамъоварӣ намуда, ба хазинаи ҷамъият насупорида азонихуд намуда, ба ҶДММ-и мазкур зарари калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь