Нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ дар Ҷайҳунро ширкати чинии “Аён энерҷӣ” месозад ва ба гуфтаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, он то ҷашни истиқлоли имсол ба тавлиди барқ оғоз мекунад.
Дар назар аст, чунин як нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд низ сохта шавад. Барои сохтани ду нерӯгоҳи панелӣ-офтобӣ 250 миллион доллари ИМА-ро сармоягузорӣ мешудааст.
Давлаталӣ Саид гуфт, барои сохтани чунин нерӯгоҳҳо дар вилояти Хатлон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад ва дар назар аст дар оянда чунин нерӯгоҳҳо бештар бунёд шаванд.
Дар баъзе ноҳияҳои вилоят талош доранд нерӯгоҳи хурди панелӣ-офтобӣ бунёд кунанд. Чунин як тарҳ бояд дар ҷамоати Сари Хосори ноҳия Балҷувон амалӣ гардад.
Дар ҳукумати ноҳия Балҷувон гуфтанд, ки тарҳи нақшакашӣ ба анҷом расидааст ва қарор аст аз сӯи Вазорати энергетика ва захираҳои об дар соли 2026 амалӣ шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь