Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати муҳайё намудани шароити идомаи фаъолият ба соҳибкороне, ки аз сӯхтор дар бозори “Гулистон”-и Ҷамъияти матлуботи шаҳр зарари молӣ дидаанд, расонидани кӯмак ба онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва роҳбарони сохторҳои маъмурӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аз рафти бунёди маркази савдо ва хидматрасонӣ дар қисмати ғарбии шаҳр, ки барои соҳибкорони зиёндидаи бозори мазкур ва дигар тоҷирон пешбинӣ шудааст, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло ба сохтмони он зиёда аз 100 нафар бинокорон ҷалб карда шудаанд.
Дар маркази савдои нав дар масоҳати беш аз 780 метри мураббаъ то 400 нуқтаи савдо ва хидматрасониро ҷой додан мумкин аст.
Дар ин ҷо барои соҳибкорон омода намудани шароити мусоиди кор пешбинӣ шуда, меъёрҳои барои чунин иншоот муқарраршуда ба ҷо оварда мешавад ва ҳоло корҳо дар дохил ва саҳни бино бо вусъат идома дорад.
Ба масъулони ширкати бинокорӣ барои дар кӯтоҳтарин фурсат бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом додани корҳо дастур дода шуд.

Бунёди маркази савдо ба зарардидагон
Блоки рекламавӣ


