Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони як қатор иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш, биноҳои маъмурӣ идома дорад.
Аз ҷумла, бунёди бинои иловагии гимназияи рақами 4 бо 4 ошёна ва 32 синфхона барои 2000 хонанда, бинои Маркази саратоншиносӣ бо 6-ошёна ва 160 кат, бинои Маркази эндокринология барои 200 кат, бинои 7 ошёнаи Беморхонаи клиникавии рақами 1 бо 200 кат, Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” барои тамрини то 1000 варзишгар, бинои Палатаи савдо ва саноат, бинои Суди вилояти Суғд, кӯдакистонҳо идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз иншооти сохташаванда барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншооти ҷашнӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.Бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони як қатор иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, варзиш, биноҳои маъмурӣ идома дорад.
Аз ҷумла, бунёди бинои иловагии гимназияи рақами 4 бо 4 ошёна ва 32 синфхона барои 2000 хонанда, бинои Маркази саратоншиносӣ бо 6-ошёна ва 160 кат, бинои Маркази эндокринология барои 200 кат, бинои 7 ошёнаи Беморхонаи клиникавии рақами 1 бо 200 кат, Маҷмааи варзишии “Суғд Арена” барои тамрини то 1000 варзишгар, бинои Палатаи савдо ва саноат, бинои Суди вилояти Суғд, кӯдакистонҳо идома дорад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз иншооти сохташаванда барои бо сифати баланд ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати пешбинишуда ба истифода додани иншооти ҷашнӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.

Бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад
Блоки рекламавӣ


