Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзиро бо Фонд ё Бунёди Абузабӣ тасвиб кардааст. Қарор аст, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз ин фонд 100 миллион доллар гирад.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, 25-уми феврал дар назди вакилон гуфт, 100 миллион доллар ба муҳлати 17 сол ва бо 2,5 дарсад баҳра ё фоизи солона медиҳанд.
Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи “Роғун” аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб намояд.
Бонки Ҷаҳонӣ соли 2024 барои сохтмони “Роғун” 350 миллион доллар грант ё қарзи бебозгашт ҷудо намуд.
Қаҳҳорзода гуфтааст Тоҷикистон барои идомаи сохтмони “Роғун”, аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зерсохторӣ ҳам 270 миллион доллар қарз гирифт.
Блоки рекламавӣ



