Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои асосии осоишгоҳи «Бунёд»-и ноҳияи Ашт ба истифода дода мешаванд, гуфтааст Сартабиби осоишгоҳи «Бунёд»-и ноҳияи Ашт Шуҳрат Маҳмадалӣ.

Дар осоишгоҳи «Бунёд» табобат асосан бо лойқаи табии кӯли Аксикони ноҳияи Ашт мегузарад. Табобатгирандагон дар моҳҳои июн, июл, август ва сентябр ба осоишгоҳ омада, бемориҳои худро муолиҷа менамоянд. Пас аз пурра ба истифода додани биноҳои асосӣ дар осоишгоҳ имкони қабули шаҳрвандон дар тамоми фаслҳои сол мумкин мешавад.

Дар табобатгоҳ асосан бемориҳои тарбод, системаи асаб, остреохондрози сутунмуҳра, буғумҳо ва якчанд намуди невриту невралгияро табобат менамоянд.

«Оби шуркули Аксикон давобахши бемориҳои пӯст, аз ҷумла псориаз, экзема ва бемориҳои замбуруғӣ ба ҳисоб меравад. Обу ҳавои Аксикон барои бемориҳои роҳи нафас ва бронхити аллергӣ низ манфиати зиёд дорад. Табобат дар асоси лойқаи табиӣ анҷом дода мешавад. Ҳамзамон дар табобатгоҳ ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ бо таҷҳизоти муосир фаъолият доранд», — гуфтааст Шуҳрат Маҳмадалӣ.

Лойқаи табиии Аксикон бо микроэлементҳои гуногун бой буда, дар таркиби он фосфор, флор, магний, калий, натрий ва сулфур мавҷуд мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь