Бонки Рушди Осиё (БРО) ба ширкати мобилии “Tcell” (Индиго Тоҷикистон) 30 миллион доллар барои бозсозии ин шабакаи мобилии Тоҷикистон қарз дод. Дар хабарномаи ин бонк аз рӯзи 15-уми октябр гуфта мешавад, ки “ин маблағ барои тавсеа ва навсозии шабакаи мобилӣ дар саросари Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.”
То кунун ин Бонк ба тарҳҳои давлатӣ пул медод ва бори аввал аст, ки ба ширкати хусусии мобилӣ қарз дод.
Ко Сакамото, намояндаи доимии БРО дар Тоҷикистон, созишнома бо як ширкати хусусиро як қадами муҳим дар бахши ҳамкориҳо бо ин кишвар номид. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкории БРО бо “Tcell” натанҳо сатҳу сифати интернету гуфтугӯҳои телефониро беҳтар мекунад, балки дар “фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, дастрасии бештари мардум ба маориф, тандурустӣ ва хизматрасониҳои онлайнӣ” хидмат менамояд.
Чанд соли ахир сокинон шикоят мекунанд, ки суръати интернет дар Тоҷикистон, аз ҷумла тавассути “Индиго” поин рафта, нархаш боло рафт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь